Гузаштан ба маводи асосӣ

Ҷангали Амазонка соҳиби Толори анҷуман шуд

Ҷангали Амазонка соҳиби Толори анҷуман шуд

Дар ҷангали намноки тропикии Амазонка Шоҳидони Яҳува Толори анҷуманҳо сохтанд. Он дар тарафи шимолии шаҳри Манауси Бразилия воқеъ буда майдонаш беш аз 52 гектарро дар бар мегирад. Дар ин ҷойи пойнарасида тӯтии ара, тукан ва дигар намуди паррандаҳои аҷиб маскан гирифтаанд. Онҳо дар тори дарахтони купуасу, чормағзи бразелӣ ва ангелим педра нишаста бо садои фораму нағмасароии худ фазои ҷангалро дилоро месозанд. Чаро барои сохтмони Толор ин ҷоро интихоб карданд?

Шаҳри Манаус 1450 километр дуртар аз соҳили дарёи Амазонка ҷойгир шудааст, ки аҳолиаш қариб ду миллион аст. Ба ин Толор тахминан 7000 Шоҳидони Яҳува аз Манаус ва шаҳрҳои гирду атрофи он, ҳамчунин аз соҳилҳои Амазонка ва шохаҳои он ташриф меоранд. Шаҳри Сан-Габриел-да-Кашуэйра аз Толори анҷуман 800 километр дур буда дар самти ғарбии шаҳри Манаус қарор дорад. Барои ба анҷуманҳои ин Толор омадан ба баъзеҳо лозим меояд, ки се рӯз бо қаиқ шино кунанд.

Сохтани Толори анҷуман дар маркази Амазония кори осон набуд. Лозим омад, ки ба ҷойи сохтмон аз бандаргоҳи шаҳри Сантуси иёлоти Сан-Паулу 13 контейнерро бо масолеҳи сохтмонӣ фиристанд. Барои ин киштӣ бояд қад-қади соҳили Бразилия шино карда то дарёи Амазонка мерафт.

Ин 27-умин Толори анҷуман дар Бразилия мебошад. Ба муносибати кушодашавии он ки рӯзи 4-уми майи соли 2014 шуда гузашт, 1956 нафар ташриф оварданд. Хурсандии меҳмонон ҳадду канор надошт, охир онҳо бори аввал дар вохӯрие, ки дар Толори Салтанат мегузашт, ҳузур доштанд.

Акнун меҳмонон на танҳо нотиқро гӯш мекарданд, балки ӯро медиданд. Ин аз анҷуманҳои пештара фарқи калон дошт. Пештар анҷуманҳо дар ҷойҳои ҷамъиятие мегузашт, ки меҳмонон на саҳнаро дида метавонистанду на нотиқро. Бародаре мегӯяд: «Солҳои зиёде ки ба анҷуман меомадам, ман боре ҳам намоиши саҳнавиро надида будам, танҳо садояшро мешунидам». Ҳоло бошад, саҳнаро ҳама дида метавонад.