Дӯстдорони озодӣ дар «Армада» вохӯрданд
Аз 6 то 16-уми июни соли 2013 миллионҳо одамон аз тамоми гӯшаи дунё ба бандаргоҳи Руан (шимоли Фаронса) омаданд. Дар он ҷо ҷашнвораи «Армада» баргузор гардид, ки дар он калонтарин ва зеботарин киштиҳои ҷаҳонро дидан мумкин буд.
Киштиҳои баландтарин ва беҳтарини ҷаҳон аз дарёи Сена, ки аз минтақаи зебоманзари Нормандия мегузарад, 120 км роҳро тай карда лангари худро қад-қади соҳили ҳафткилометра партофтанд. Ин ҷой махсусан барои ҷашнвораи «Армада» тайёр шуд. Зиёда аз 10 рӯз одамон имконият доштанд, ки ба 45 киштии машҳур бепул даромада онҳоро аз дарун тамошо кунанд.
Чӣ одамонро ба ҷашнвораи «Армада» ҷалб кард? Мувофиқи суханони ташкилотчӣ ва асосгузори ин ҷашнвора, «Армада» ба одамон имконият медиҳад, ки ба киштиҳои азимҷуссае, ки касро ба олами орзуву хаёл мебаранд, наздик шаванд. Дар ҳақиқат киштиҳои калони бодбондори «Армада» барои аксари одамон саёҳати дурудароз ва хоҳиши озод шуданро ба ёд меоранд.
Ҳазорҳо сайёҳон ҳамчунин имконият доштанд, ки дар бораи дигар намуди озодие шунаванд, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (Юҳанно 8:31, 32). Вақте ки меҳмонон дар кӯчаҳои зебои шаҳри таърихии Руан сайругашт мекарданд, стендҳои намоишии Шоҳидони Яҳува диққати онҳоро ба худ ҷалб кард. Ба саёҳон ва баҳрнавардон пешниҳод карда мешуд, ки адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро бепул гиранд. Ба бисёри раҳгузарон аз маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) мақолаи «Дунё кай бе бадгумонӣ мешавад?» маъқул шуд. Ҳамчунин Шоҳидони Яҳува меҳмононро ба нутқи бар Китоби Муқаддас асосёфта, ки ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва испанӣ мегузашт, даъват намуданд.
Одамони маҳал Шоҳидони Яҳуваро барои ин навигарӣ таъриф карданд. Марде Шоҳидони Яҳуваро бо стенди намоишӣ дар ҷои ҷамъиятӣ дида, ҳайрон шуда гуфт: «Дар берун шуморо дида хурсанд шудам. Ҳарчанд ман эътиқоди шуморо дастгирӣ накунам ҳам, одамонеро ки барои эътиқодашон истодагӣ мекунанд, ҳурмат мекунам». Ду марди калонсоле ба Шоҳидони ҷавон чунин гуфтанд: «Шумо аз Шоҳиди Яҳува буданатон фахр карда метавонед!»