Гузаштан ба маводи асосӣ

Мавъиза дар соҳили Шингу

Мавъиза дар соҳили Шингу

Моҳи июли соли 2013 дар Бразилия 28 Шоҳиди Яҳува аз Сан-Феликс-ду-Шингу ба сафар баромаданд, то ки ба деҳаҳо рафта ба ҳабашиёни (индейцы) қабилаи каяпо ва юрун мавъиза кунанд. Воизон бо қаиқи 15-метра дар дарёи Шингу, ки шохоби Амазонка (дарозиаш 2092 километр) мебошад, шино карданд.

Барои чӣ онҳо ба он ҷо рафтанд? То ки хушхабари Салтанати Худоро ба мардуми деҳот расонанд. Дар рӯзи сеюм воизон ба деҳаи Кокрайморо омаданд ва онҳоро сокинони маҳал хуш пазируфтанд. Зане бо имову ишора чизе мегуфт. Марде ки Шоҳидонро роҳбаладӣ мекард, фаҳмонд, ки он зан чӣ гуфтанист: «Ба назди мо биёед! Мо бо ҳамаи шумо шинос шудан мехоҳем!»

Шоҳидони Яҳува кӯшиш карданд, ки диққаташонро ба ҳама равона кунанд, онҳо бо баъзе одамон бо забони португалӣ, бо дигарон бошанд, бо имову ишора сӯҳбат мекарданд. Барои ҳамин воизон бо худ адабиёти суратдору рангорангамонро гирифтанд, ки ба онҳо бисёр ёрдам кард. Дар бисёр деҳаҳо одамон бо дилу ҷон адабиётамонро, хусусан брошюраи «Худоро гӯш кунед»-ро гирифтанд.

Пешрави махсусе бо номи Ҷерсон, ки дар Сан-Феликс-ду-Шингу хизмат мекунад, дар бораи марде ки китоби «Ҳикояҳо»-ро гирифт, чунин гуфт: «Он мард китобро дидан замон бо ду дасташ дошта як лаҳза ҳам онро сар надод».

Маълум шуд, ки сокинони соҳили ин дарё одамони хеле миннатдор буданд. Симоне ном хоҳаре гуфт, ки дар зодгоҳаш дудила буданд, ки онҳоро дар деҳот нағз қабул мекунанд. Лекин ягон мушкилӣ нашуд. Ӯ мегӯяд: «Моро беҳад нағз қабул карданд, барои ҳамин мо ба ҳама мавъиза карда тавонистем».