Чизи наве барои Манхэттен
Ноябри соли 2011 гурӯҳи Шоҳидони Яҳува дар Манхэттен хабари Китоби Муқаддасро ба одамон бо тарзи нав пешкаш карданд. Онҳо аз мизҳои намоишӣ ва аробачаҳои адабиётдор истифода бурданд. Ин маърака дар қисми ҷануби Манхэттен дар райони кӯҳнаи Ню-Йорк, ки хеле серодам буд, мегузашт.
Тамоми ҳудуди Манхэттен ба чор қисм тақсим шудааст. Дар ҳар гӯшаи он дар ҷойҳои серодам якчанд мизҳо ва аробачаҳои адабиётдор гузошта шудаанд, ки дар назди он Шоҳидони Яҳува меистанд. Аксари стендҳо дар фурудгоҳ ва атрофи он, ҳамчунин дар истгоҳҳо, ки ҳар рӯз дар он ҷо даҳҳо ҳазор одамон омаду рафт мекунанд, гузошта шуда буданд.
Ба воситаи ин стендҳо одамон ба бисёр саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб меёбанд. Онҳое ки саросема ҳастанд адабиётро гирифта онро баъдтар хонда метавонанд.
Адабиёт ба якчанд забон дастрас аст. Агар ба ягон забон адабиёт набошад, шахс метавонад онро дархост кунад ва пас аз якчанд рӯз гирад.
Ин чорабинӣ ба одамон ва ҳукуматдорон маъқул шуд. Як корманди полис чунин гуфт: «Шумо ин қадар вақт дар куҷо будед? Он чизе ки шумо доред дар ҳақиқат ба одамон даркор аст
».
Марде китоби «Таълимоти Китоби Муқаддс»-ро дидан замон бозистод. Ӯ аҳамият додааст, ки чӣ хел дар метро одамон ин китобро мехонданд ва фикр мекард, ки аз куҷо онро дастрас кунад. Ӯ акнун фаҳмид, ки аз куҷо китобро гирифта метавонад.
Ҷавоне ҳангоми ба кор рафтанаш дар муддати шаш ҳафта ҳар рӯз аз назди як мизи намоишӣ мегузашт. Оқибат ӯ истода гуфт: «Ба ман ёрдами шумо даркор
». Шоҳидони Яҳува, ки дар он ҷо меистоданд, хурсанд буданд, ки ба ӯ кӯмак карда метавонанд. Онҳо ба ин ҷавон Китоби Муқаддас дода фаҳмонданд, ки чӣ хел онро бо манфиат хонда метавонад.
Роҳгузароне, ки шавқ зоҳир мекунанд ба назди стенд омада дар бораи Худо ҳамсӯҳбат мешаванд. Ҳангоми гузаштани ин чорабинӣ дар Манхэттен танҳо дар як моҳи охир одамон 3797 маҷалла ва 7986 китоб гирифтанд.