Гузаштан ба маводи асосӣ

Сайти JW.ORG дар ярмаркаи Торонто намоиш дода шуд

Сайти JW.ORG дар ярмаркаи Торонто намоиш дода шуд

Соли 2014 дар шаҳри Торонто ярмаркаи байналхалқии китоб барпо гашт, ки он аз 13 то 16-уми ноябр давом кард. Дар он нашриёти чопӣ ва электронӣ ба намоиш гузошта шуд. Муддати чор рӯз ярмаркаро беш аз 20 000 нафар тамошо карданд.

Дар байни иштирокчиёни ярмарка Шоҳидони Яҳува низ буданд, ки онҳо меҳмононро бо сайти jw.org шинос карданд. Дар экрани сенсорӣ нишон дода шуд, ки чӣ тавр аз ин сайт истифода бурдан мумкин аст.

Як ташкилотчии ярмарка чунин гуфт: «Сайти шумо хеле замонавӣ аст. Иштирокчиёни ярмарка аз шумо бисёр чизҳоро ёд гирифта метавонанд». Меҳмонони ярмарка ҳам гуфтанд, ки сайт дар сатҳи баланди професионалӣ ба роҳ монда шуда истифодабарии он осон аст. Он ба бисёр саволҳои муҳим ҷавоб медиҳад. Ба меҳмонон ҳамчунин маъқул шуд, ки сайт барои ҳал намудани проблемаҳои гуногун ба одамон кӯмак мекунад.

Шоҳидони Яҳува ҳангоми намоиши сайт бо одамони зиёд ҳамсӯҳбат шуданд ва маълум гардид, ки бисёриҳо дар бораи сайти jw.org бори аввал мешуниданд. Қариб ҳамаи онҳо корти шиносоии сайт ва рисолаи «Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст»-ро гирифтанд. Бисёриҳо хоҳиш пайдо карданд, ки бори дигар ба сайт дароянд ва баъзеҳо ҳатто дархост намуданд, ки Шоҳидони Яҳува ба хонаашон оянд.

Рӯзи ҷумъа ярмарка ба кӯдакон бахшида шуда буд. Аз ин рӯ Шоҳидони Яҳува ба меҳмонон видеонавореро аз сайти jw.org нишон доданд. Ин диққати талабагону муаллимонро ҷалб кард ва онҳо видеонаворҳои дигарро низ тамошо карданд.

Марде аз Чикаго, ки дар ширкати нашриёти Китоби Муқаддас кор мекард, ба сифати «Тарҷумаи дунёи нав»-и Китоби Муқаддас ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, баҳои баланд дод. Ӯ мехост, ки бо нашркунандагони ин китоб тамос гирад ва ба ӯ барои тамос гирифтан маълумот дода шуд.

Сайти jw.org зиёда ба 700 забон тарҷума шудааст, ки меҳмонони ярмарка маълумотро бо 16 забон тамошо карданд: амхарӣ, англисӣ, бенгалӣ, ветнамӣ, юнонӣ, гуҷаратӣ, испанӣ, хитоӣ, кореягӣ, португалӣ, тамилӣ, тиграй, урду, фаронсавӣ, ҳиндӣ ва шведӣ.

Як Шоҳиди Яҳува, ки меҳмононро бо сайт шинос мекард, аҳамият дод, ки дар бораи сайт нақл кардан ва онро намоиш додан фарқияти калон аст. Ӯ гуфт: «Мо барои намоиш додани сайтамон имконияти олиҷаноб доштем».