Гузаштан ба маводи асосӣ

Хабари Худо то ба гӯшаҳои дурдасти Шимол рафта расид

Хабари Худо то ба гӯшаҳои дурдасти Шимол рафта расид

Соли 2014 Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува бо мақсади хушхабари Худоро дар ҷойҳои дурдасти шимоли Аврупо ва Амрикои Шимолӣ расонидан барномаи наверо ҷорӣ кард (Аъмол 1:8). Ин барномаи нав дар баъзе ноҳияҳои Аляска (ИМА), Лапландия (Финляндия), Нунавута ва дар Минтақаҳои Шимолу Ғарбӣ (Канада) амал карданро сар кард.

Шоҳидони Яҳува даҳсолаҳо боз дар ин ноҳияҳои дурдаст хабари Худоро паҳн мекунанд. Вале пештар онҳо фақат муддати кӯтоҳе истода дар ин ҷойҳо адабиёт тақсим мекарданд.

Аз рӯи ин барнома филиалҳое, ки фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар ноҳияҳои дурдасти Шимол назорат мекунанд, ба пешравон (онҳое ки вақти зиёди худро барои паҳн кардани хушхабари Худо сарф мекунанд) пешниҳод карданд, ки дар ин ноҳияҳо камаш се моҳ истанд. Агар раваду пешравон одамонеро ёбанд, ки Китоби Муқаддасро омӯхтан мехоҳанд, пас онҳо дар ин ҷойҳо аз мӯҳлати гуфташуда зиёдтар истода, ҳатто вохӯриҳои масеҳиро гузаронида метавонанд.

Албатта, ҳама ҷо душвориҳои худро дорад, аз он ҷумла Шимол низ. Ду пешрав ба шаҳри Барроуи Аляска таъин шуданд. Яке аз пешравон пештар дар ҷануби Калифорния зиндагӣ мекарду дигараш дар иёлоти Ҷорҷия (ИМА). Аввалин зимистоне, ки онҳо дар Барроу гузарониданд беҳад хунук буд, ҳарорати он то ба 38 дараҷа мерасид. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда онҳо дар моҳҳои аввали хизматашон қариб 95 фоизи хонаҳои шаҳрро гузаштанд ва бо чор нафар омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд, ки дар байни онҳо ҷавонмарде бо номи Ҷон буд. Ҳоло ин ҷавонмард ва дӯстоштааш китоби «Таълимот»-ро меомӯзанд ва Ҷон аллакай чизҳои фаҳмидаашро ба ёру дӯстон ва ҳамкоронаш нақл мекунад. Ғайр аз ин ӯ ҳар рӯз аз телефонаш ояти рӯзро аз брошураи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» ба воситаи барномаи JW Library мехонад.

Барои ба минтақаи Нунавути Канада, Ранкин-Инлет рафтан, ягон роҳ нест. Аз ин рӯ ба ду пешрави ба ин минтақаи хурдакак таъиншуда лозим омад, ки бо ҳавопаймо ба он ҷо сафар кунанд. Дар он минтақа онҳо якчанд омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд. Марде баъд аз тамошои видеонавори «Дар Толори Салтанат чӣ рӯй медиҳад?» пурсид, ки кай мо дар ин минтақа Толори Салтанат сохтанием. Сипас ӯ чунин гуфт: «Агар ман то он вақт дар ин ҷо бошам, албатта, ба вохӯриҳоятон меоям».

Баъзе пешравон ба Савукоски (Финляндия) таъин шуданд. Дар ин минтақа аз одамон дида оҳуҳои шимолӣ бештар ба назар мерасад. Пешравон мегӯянд: «Ҳаво хеле хунук ва барфаш бисёр аст». Ба ин нигоҳ накарда пешравон гуфтанд, ки дар вақти мувофиқ ба ин ҷо омадаанд. Чаро? Онҳо чунин мегӯянд: «Мо ҳамаи минтақаҳоро пурра гузашта тавонистем, чунки роҳҳои қишлоқу ноҳияҳои дурдаст аз барф тоза карда мешуданд. Ва аз сабаби хунукии ҳаво одамон дар хонаҳояшон буданд».

Ҳама он кӯшишу ғайрате, ки мо баҳри расонидани хабари Худо дар ноҳияҳои дурдасти Шимол мекунем, беҳуда нест. Баъди он ки пешравон бо раисаи яке аз шаҳрҳои Аляска сӯҳбат карданд, он зан дар шабакаи иҷтимоӣ, дар саҳифаи шахсиаш назарашро оиди муоширати хуби худ бо Шоҳидони Яҳува навишт ва дар он ҷо сурати рисолаи «Салтанати Худо чист?»-ро монд.

Дар Аляска, дар Ҳейнс ном ҷое, ду пешрав ҳашт нафарро ба вохӯриҳои масеҳӣ, ки дар китобхона мегузаштанд, даъват намуданд. Дар рӯзномаи маҳаллӣ хабар дода шуд, ки ду марде аз Техас ва Каролинаи шимолӣ омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро пешниҳод мекунанд. Дар охир чунин навишта шуда буд: «Барои гирифтани маълумоти бештар ба сайти jw.org дароед».