Гузаштан ба маводи асосӣ

Шумораи Шоҳидони Яҳува ба қуллаи баландтарин расид

Шумораи Шоҳидони Яҳува ба қуллаи баландтарин расид

Соли 1987 аъзои Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува Лайман Суингл дар назди 63 580 нафар баромад кард. Ин вохӯрӣ дар бинои «Пласа Монументал» дар Валенсия (Венесуэла) гузашт. Барои шунидани ин нутқ бисёриҳо тамоми шаб бо автобус роҳро тай карда омаданд. Бародар Суингл ба ҳозирон муроҷиат карда чунин гуфт: «Филиали шуморо аллакай хурд гуфта намешавад. Агар ҳамин хел рафтан гирад ба наздикӣ шумо ба қатори давлатҳое, ки Шоҳидонаш ба 100 000 расидааст, дохил мешавед».

Соли 1987 дар Венесуэла беш аз 38 000 Шоҳиди Яҳува фаъолона хушхабарро дар бораи Салтанати Худо паҳн мекарданд. Он вақтҳо фақат дар ҳашт давлати ҷаҳон шумораи воизон беш аз садҳазорӣ буд.

Бо суръат зиёд шудани шумораи Шоҳидони Яҳува дар ҳақиқат тааҷҷубовар аст. Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ танҳо якчанд ҳазор воизон хушхабарро дар бораи Салтанати Яҳува паҳн мекарданд. Аммо бо гузашти вақт вазъият дигар шуд. Соли 1943 дар «Солнома» гуфта шуда буд: «Ҳисоботи умумиҷаҳонии соли 1942 ҳарчанд ки аз сабаби набудани воситаҳои алоқа нопурра бошад ҳам, лекин аз баракатҳои Худо шаҳодат медод... чунки ҳоло дар тамоми ҷаҳон беш аз 106 000 воизон дар кори [мавъизаи хушхабар] иштирок мекунанд». Ҳатто дар давраҳои вазнини Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ одамони зиёд ҳақиқати Китоби Муқаддасро нағз қабул мекарданд. Соли 1950 танҳо дар Иёлоти Муттаҳида шумораи воизон аз 100 000 гузашт.

Сипас соли 1974 шумораи воизони хушхабар дар Нигерия ҳам ба 100 000 расид.

Баъди як сол дар Бразилия ва Олмон ҳам шумораи воизон аз 100 000 гузашт. Зиёдшавии шумораи воизон аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон ҳақиқати Китоби Муқаддасро дар чор қитъаи ҷаҳон нағз гӯш мекарданд.

Шумораи онҳое ки хушхабарро қабул мекарданд, рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Бо ин пешгӯии Китоби Муқаддас, ки дар Ишаъё 60:22 навишта шудааст, иҷро гардид: «Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид».

Мувофиқи ҳисоботи соли хизматии 2014 шумораи садҳазора дар 24 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Венесуэла низ соли 2007-ум ба қатори ин давлатҳо дохил шуд. Ҳоло бошад, дар тамоми ҷаҳон сафи Шоҳидони Яҳува ба 8 201 545 расидааст, ки онҳо дар 115 416 ҷамъомад хизмат мекунанд.

 

Давлатҳое, ки шумораи воизонаш аз 100 000 болост

Қитъа

Давлат

Воизон

Африқо

Ангола

108 607

Ҷумҳурии демократии Конго

216 024

Гана

125 443

Нигерия

362 462

Замбия

178 481

Осиё

Ҷопон

215 703

Ҷумҳурии Корея

100 641

Филиппин

196 249

Аврупо

Бритониёи Кабир

138 515

Фаронса

127 961

Олмон

166 262

Итолиё

251 650

Лаҳистон (Полша)

123 177

Русия

171 268

Испания

112 493

Украина

150 906

Амрикои Шимолӣ

Канада

116 312

Мексика

829 523

Иёлоти Муттаҳида

1 243 387

Амрикои Ҷанубӣ

Аргентина

150 171

Бразилия

794 766

Колумбия

166 049

Перу

123 251

Венесуэла

140 226