Гузаштан ба маводи асосӣ

Маъракаи умумиҷаҳонӣ сайти jw.org-ро машҳур кард

Маъракаи умумиҷаҳонӣ сайти jw.org-ро машҳур кард

Дар тамоми ҷаҳон моҳи августи соли 2014 Шоҳидони Яҳува рисолаи махсусеро паҳн карданд, ки он диққати одамонро ба сайти jw.org ҷалб мекард. Дар натиҷа дар ин моҳ шумораи хонандагони сайт то 20 фоиз зиёд шуда қариб ба 65 миллион расид. Тақрибан 10 000 нафар аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба воситаи сайт омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро дархост карданд, ки он нисбати моҳи июл 67 фоиз зиёдтар буд. Ин маъракаи умумиҷаҳонӣ барои одамони тамоми дунё манфиатовар гашт.

Кӯмак ба онҳое ки ба саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб мекобанд

Дар Канада Шоҳиди Яҳува дар лифт занеро бо номи Маделин вохӯрда ба ӯ рисолаи «Ба саволҳои ҳаётан муҳим аз куҷо ҷавоб ёфтан мумкин аст?»-ро пешниҳод мекунад. Ба гуфти Маделин шоми гузашта ӯ ба пешайвони хонааш баромада аз таҳти дил Худоро зораю илтиҷо кард, ки ба саволҳояш ҷавоб диҳад. Дар рисола айнан ҳамон саволҳое буданд, ки ӯ ҷавобашро мекофт. Пеш аз ин Маделин ба калисоҳои гуногун занг зада илтиҷо мекард, ки бо ӯ Китоби Муқаддас омӯзанд, вале ҳар бор ноумед мешуд. Аммо чанде пас аз вохӯрӣ дар лифт Шоҳидони Яҳува бо Маделин омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд.

Кӯмак ба онҳое ки бо Каломи Худо шинос нестанд

Дар Филиппин Роина дар назди қаҳвахона бо марди хитоие ҳамсӯҳбат шуд. Ӯ ба он мард рисола дода гуфт, ки Шоҳидони Яҳува барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ба одамон бепул кӯмак мекунанд.

Он мард гуфт, ки дар ҳаёташ боре ҳам Китоби Муқаддасро надидааст. Сипас Роина ӯро ба анҷуман даъват кард. Пас аз анҷуман ӯ гуфт, ки дар бораи Китоби Муқаддас бисёртар фаҳмидан мехоҳад ва онро аз сайтамон гирифтанӣ аст.

Кӯмак ба ношунавоён

Дар Испания Шоҳиди Яҳува бо номи Гилермо ки ношунаво аст, ҳамсинфи пешинааш Хорхеро вохӯрд, ки ӯ ҳам ношунавост. Хорхе гуфт, ки ба қарибӣ модараш аз олам гузаштааст ва ӯро саволу шубҳаҳои гуногун ором намегузоранд. Гилермо ба вай рисоларо дода мефаҳмонад, ки чи хел аз сайти jw.org ба забони имову ишора маълумотеро ёфта метавонад, ки ба саволҳояш ҷавоб медиҳанд. Ӯ ҳамчунин Хорхеро ба Толори Салтанат ба ҷамъомад таклиф намуд. Хорхе нигоҳ накарда ба он ки 60 километр аз Толор дур зиндагӣ мекард ба ҷамъомад омад. Ва аз ҳамон вақт сар карда ӯ доимо ба вохӯриҳо меояд.

Кӯмак ба онҳое ки дар ҷойҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд

Дар Гренландия ду ҷуфти ҳамсарон, ки Шоҳиди Яҳува мебошанд ба ҷои дурдаст, ки аҳолиаш 280 нафар мебошад, рафта мавъиза карданд. Барои ба он ҷо расидан маблағи зиёд сарф шуд. Онҳо бо қаиқ шаш соат шино карда ба он ҷо расиданд. Дар он ҷо ин Шоҳидон ба забони гренландӣ мавъиза мекарданд ва ба одамон рисолаҳо тақсим карда аз сайтамон видеонаворҳо нишон медоданд. Бо оилае омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда шуд, ки ҳоло ҳафтае ду маротиба он бо воситаи телефон гузаронида мешавад.

Чунин кори мавъиза на танҳо дар қисми шимолии замин мегузашт. Шоҳидони Яҳува аз Никарагуа ба ҷангали Кариб барои паҳнкунии рисолаҳо ба забони маянгна роҳсипор шуданд. Барои ба деҳотҳои дурдаст расидан онҳо бо автобус 20 соат бо роҳҳои каҷу килеб беист мерафтанд ва пас аз ин 11 соати дигар пиёда бо роҳҳои ифлосу бепайроҳа мегаштанд. Дар деҳот онҳо ба забони маянгна рисолаҳо паҳн мекарданд ва видеонаворҳоро нишон медоданд ки аз ин сокинони деҳот ба ҳайрат омада хурсанд мешуданд.

Марде дар як шаҳраки Бразилия, ки он дар ҷангали тропикии Амазония қарор дошт, роҳгузар буд. Дар он ҷо ба ӯ Шоҳиди Яҳува бо номи Эстела рисола пешниҳод кард. Он мард рисоларо гирифта ба кисааш монду ягон шавқ зоҳир накард. Дар роҳи бозгашт мотори қаиқаш аз кор баромад ва он мард дар байни дарё танҳо монд. То ба ёрдам омадани одамон ӯ рисоларо хонд. Ва аз телефонаш ба сайти jw.org даромада аз он ҷо якчанд мақолаҳоро хонда видеонаворҳоро гирифт. Баъд аз чанд рӯз ӯ бо шавҳари Эстела вохӯрда ба ӯ гуфт, ки ба занаш барои рисола раҳмат гӯяд. Он мард чунин гуфт: «Ҳангоми дар миёни дарё монданам худро яккаву танҳо ҳис мекардам. Лекин то ба ёрдам омадани одамон чизҳои хондаам маро тинҷу ором карданд. Ба кӯдаконам филми тасвирии Коля беҳад маъқул шуд. Акнун ман аз ин сайт истифода бурдан мегирам».