Гузаштан ба маводи асосӣ

Ёдбуди ҳазрати Исо

Шанбе, 12-уми апрели 2025

Шоҳидони Яҳува ҳар сол ёдбуди ҳазрати Исоро ҷашн мегиранд, зеро худи Исо ба пайравонаш чунин амр дода буд: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред»

Мо шуморо даъват мекунем, ки дар ин чорабинӣ иштирок кунед.

Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд

Ин чорабинӣ чӣ қадар давом мекунад?

Тақрибан 1 соат.

Он дар куҷо баргузор мегардад?

Инро аз Шоҳидони Яҳува аниқ карда метавонед.

Оё барои иштирок ман бояд пул диҳам?

Не.

Дар он ҷо пул ҷамъ карда мешавад?

Не.

Оё сару либоси махсус пӯшидан лозим аст?

Ҳарчанд ин маросим пӯшидани сару либоси махсусро талаб намекунад, Шоҳидони Яҳува мувофиқи маслиҳати Китоби Муқаддас амал намуда либоси шоиставу хоксорона мепӯшанд (1 Тимотиюс 2:9). Лозим нест, ки сару либосатон қимат ва ё расмӣ бошад.

Ёдбуди ҳазрати Исо чӣ тавр мегузарад?

Дар аввалу охири ин маросим суруд сароида мешавад ва яке аз Шоҳидони Яҳува дуо мегӯяд. Қисми асосии Шоми ёдбуд суханронӣ мебошад, ки муҳим будани қурбонии ҳазрати Исоро қайд мекунад. Аз он мо ҳамчунин мефаҳмем, ки коре, ки Худо ва ҳазрати Исо карданд, барои мо чӣ фоида меорад.

Шумо метавонед аз мақолаи «Чаро Шоҳидони Яҳува ёдбуди ҳазрати Исоро тавре қайд мекунанд, ки аз дигар динҳо фарқ мекунад?» дар бораи ин чорабинӣ маълумоти бештар гиред.

Шомҳои ёдбуди навбатӣ кай баргузор мегарданд?

2025: Шанбе, 12 апрел

2026: Панҷшанбе, 2 апрел