Экскурсия дар Байт-Ил
Мо аз таҳти дил шуморо таклиф мекунем, то филиалҳои моро, ки одатан Байт-Ил номида мешаванд, тамошо кунед. Дар баъзе филиалҳои мо намоишгоҳҳое ҳастанд, ки мустақилона тамошо карда метавонед.
Tours Resumed: In many countries, we resumed tours of our branch offices on June 1, 2023. For details, contact the branch you would like to tour. Please do not visit if you test positive for COVID-19, display cold or flu-like symptoms, or have recently been exposed to someone who tested positive for COVID-19.
Иёлоти Муттаҳида
Маълумот дар бораи экскурсия
Тамошои мустақилонаи намоишгоҳҳо
Уорвик. Намоишгоҳҳо бо роҳбалад
1. Китоби Муқаддас ва номи Худо. Дар ин намоишгоҳ нусхаҳои камёби Китоби Муқаддас гузошта шудаанд ва шумо мебинед, ки чӣ тавр номи Худо дар Навиштаҳо нигоҳ дошта шуд, новобаста аз он ки душманон онро гирифта партофтан мехостанд. Дар рафҳои махсус тарҷумаҳои камёби Китоби Муқаддас ва бозёфтҳои бо он алоқаманд гузошта шудаанд.
2. Халқе, ки номи Худоро дорад. Ин намоишгоҳ дар бораи таърих ва мероси рӯҳонии Шоҳидони Яҳува маълумот медиҳад. Бозёфтҳо, расмҳо ва тарҷумаи ҳоли баъзе Шоҳидон нишон медиҳанд, ки чӣ тавр Яҳува халқи худро тадриҷан таълим ва дастур медод ва ба иҷро кардани иродааш роҳнамоӣ мекард.
3. Саридора: имон дар амал. Ин намоишгоҳи интерактивӣ мефаҳмонад, ки кумитаҳои Ҳайати роҳбарикунанда чӣ хел кор мекунанд ва чӣ тавр онҳо ба Шоҳидони Яҳува кумак мекунанд, ки ба дастуроти Навиштаҳо итоат карда якҷоя ҷамъ оянд, шогирд тайёр кунанд, ғизои рӯҳониро қабул кунанд ва ба ҳамдигар муҳаббат зоҳир намоянд.
Паттерсон. Намоишгоҳҳо бо роҳбалад
Деҳаи асри як. Оё боре фикр карда будед, ки замони ҳаёти заминии Исо чӣ гуна буд? Дар ин намоишгоҳ шумо метавонед корҳои ҳаррӯзаи деҳаи онвақтаро тамошо кунед ва ҳатто худро дар он замон ҳис кунед. Ин намоишгоҳ воқеаҳои Китоби Муқаддасро зиндаву пуртаъсир гардонида, хониши онро бароятон шавқовар месозад.
Тангаҳои асри як. Дар ин намоишгоҳ тангаҳои аслие гузошта шудаанд, ки номашон дар Навиштаҳои юнонӣ қайд шудааст. Ин намоишгоҳ дар бораи ҳар як танга маълумоти ҷолиб дода, мефаҳмонад, ки онҳо бо воқеаҳои Китоби Муқаддас чӣ алоқамандӣ доранд.
«Ҳамаи писарони ту аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт». Ин намоишгоҳ дар бораи таърихи мактабҳои ташкилот ва барномаҳои таълимӣ маълумот медиҳад. Аз он шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр ин мактабҳо ба ихтиёриёни боғайрат ёрдам доданд, ки муаллимон ва пирони бомаҳорат шаванд.
«Аз хушхабар пуштибонӣ мекунему ҳуқуқи паҳн кардани онро ба даст меорем». Ин намоишгоҳ дар бораи бисёр Шоҳидони Яҳува, ки зери зиддияти пурзӯр дар имони худ устувор монданд, нақл мекунад. Аз он шумо мефаҳмед, ки ташкилоти мо барои ба даст овардани ҳуқуқи паҳн кардани хушхабар дар тамоми ҷаҳон чӣ корҳо кардааст.